Иттиҳодияи Аврупо нахустин қонуни ҷаҳониро дар бораи танзими истифодаи зеҳни сунъӣ қабул кард, хабар медиҳад агентии иттилоотии ТАСС.
Қонунии нав эътимоднокӣ ва бехатарии зеҳни сунъиро кафолат дода, эҳтироми ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандонро таъмин мекунад. Гуфта мешавад ки қабули қонун дар пасманзари мубоҳисаҳои ҷаҳонӣ оид ба назорати технологияҳои рақамӣ дар ҷаҳон сурат мегирад. Ҳадафи қонуни нав рафъи нигарониҳо дар бораи ғаразнокӣ, дахолатнопазирӣ ва дигар хатарҳои марбут ба технологияҳои босуръат рушдёбанда мебошад.