Сафорати Тоҷикистон дар Олмон дар ҳамкории муштарак бо Академияи дипломатияи фарҳангӣ (Academy for Cultural Diplomacy) Ҳамоиши иқтисодии Берлинро баргузор намудааст.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов зимни суханронӣ ба ҳозирин роҷеъ ба зарфиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фазои сармоягузорӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва захираҳои бузурги табиии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Ҳамзамон, сафир пиромуни масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Олмон дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, фарҳанг, инчунин нақши дипломатияи фарҳангӣ дар самти эҷоди симои мусбати кишвар изҳори назар намуд.