Баҳодур Усмонов ба Бозиҳои Олимпии Париж 2024 роҳхат гирифт

Муштзани соҳибноми тоҷик Баҳодур Усмонов (63,5 кг) роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж 2024 -ро ба даст овардааст.

Тавре ТВ “Варзиш” хабар медиҳад, Баҳодур дар даври чаҳорякниҳоии якумин мусобиқаи интихобии Бозиҳои Олимпӣ дар Италия муқобили муштзани ҷопонӣ Нишияма Шион бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 3:2 зафар ёфта, роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж 2024-ро ба даст овард.

Дишаб муштзани дигари тоҷик Асрор Воҳидов (-57 кг) баҳри роҳхати дигари Олимпӣ талош меварзид, дар даври чаҳорякниҳоии якумин мусобиқаи интихобии Бозиҳои Олимпӣ дар Италия аз намояндаи Қазоқистон – Содирхон Маҳмуд мағлуб шуд.

Қаблан муштзанҳои дигари тоҷик Миҷгона Самадова ва Давлат Болтаев пас аз пирӯзӣ дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу 2022 роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж 2024-ро ба даст оварда буданд.