Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик нахустшумораи маҷаллаи «Набзи Душанбе» ба чоп расид, ки таҷассумгари ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Маҷалла бо забони тоҷикиву русӣ нашр шуда, хонандагон аз муҳтавои маҷалла бо пешрафти истеҳсолот, ободкориву зебоиҳои пойтахт огоҳ мешаванд.
Тавре дар сарсухани маҷалла сармуҳаррири он Муҳиддин Идиев иброз медорад, “бо шарофати соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ҳамарӯза рушду нумуъ меёбад. Даҳҳо иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, симои пойтахт ба куллӣ дигаргун гаштааст, ки ин ҳама бо заҳмат ва ҷаҳду талоши Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ гардидаанд”.
Дар маҷалла вобаста ба сохтмони роҳу пулҳои замонавӣ, иншооти барҳаво, беморхона ва мактабҳои замонавӣ, марказҳои хизматрасонӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар самтҳои тараққинамудаи пойтахт мақолаву гузоришҳо нашр шуда, бо аксу тарҳи зебо тасвир шудаанд.