ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ ДАР ДМТ

Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 112 солагии рӯзи матбуот чорабинии бошукӯҳ бо иштироки мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, муовини вазири фарҳанги кишвар Обидҷон Назариён, ректори ДМТ Эмомалӣ Насриддинзода, журналистони собиқадор, профессорони соҳаи журналистика, омӯзгорон ва дигар намояндагони ВАО, баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ ректори ДМТ Эмомалӣ Насриддинзода баромад карда, қайд намуд, ки дар замони муосир василаи асосии идора кардани афкори ҷомеа ин иттилоот аст ва нафаре, ки иттилоотро идора карда метавонад, дар идора кардани афкори ҷомеа низ муваффақ мегардад.
Дар идомаи чорабинӣ Масрур Абдуллозода мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа суханронӣ намуда, иброз дошт, ки рӯзноманигорӣ дар замони бисёр мураккаб ва пурпечутоби ҷаҳони муосир, ки арсаи бархурдҳои иттилоотӣ ва сиёсию фарҳангӣ гардидааст, муҳимтарин касб ба ҳисоб меравад, ки ҳатто як рӯзи ҷомеаи инсониро бе он тасаввур кардан номумкин аст.

Ҳамчунин дар ин чорабинӣ муовини вазири фарҳанги кишвар Обидҷон Назариён баромад намуда, баён дошт, ки давоми 112 сол матбуоти тоҷик дар ҳама марҳалаҳои таърихӣ ҳамеша ҳамнафасу ҳамқадами ҷомеа буд ва имрӯз низ аҳли матбуоти кишвар нигаҳдорандаи машъалӣ фурӯзони устодон: Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва даҳҳо нафар зиёиёни мумтози тоҷик мебошанд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба чанд нафар омӯзгорони ДМТ, ки дар тарбия намудани кадрҳои соҳаи журналистика саҳм гузоштаанд, сипосномаҳо тақдим карда шуд. Ёдовар мешавем, ки нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бо номи “Бухорои шариф” 11 марти соли 1912 нашр гардида, дастраси хонандагон гардида буд ва имсол аз чопи ин рӯзнома 112 сол сипарӣ гардид ва бо ибтикори Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 инҷониб дар саросари Тоҷикистон ба таври тантанавӣ ҷашн гирифта мешавад.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон”