Дар доираи истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, давоми солҳои 2022-2026 сохтмону азнавсозӣ ва таъмири 257 иншооти саноатию хизматрасонӣ ба нақша гирифта шуда, то ин ҷониб беш аз 88 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар бораи ба истифодадиҳии иншоотҳои ҷашнӣ вобаста ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 дар ноҳияи Балҷувон 56 иншоот ба нақша гирифта шуда, 60 иншоот ба истифода дода шудааст, ки 107%-и нақшаро дар бар мегирад.
Абдураҳмон Ғафорзода мудири бахши сохтмон ва азнавсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон мегуяд, ки бунёди сохтмону иншоотҳои ҷашни дар ноҳия бо маром идома ёфта, дар соли 2024 тибқи нақша 61 иншоот бояд ба истифода дода шавад аз он ҷумла, 4 корхонаи саноати 1 муассисаи томактабӣ, 5 муассисаи таҳсилоти умумӣ, китобхона, боғи фарҳангӣ, беморхона, толори варзишӣ ва дигар корҳои ободонию созандагӣ ба нақша гирифта шудааст.
Муҷиддини Сайфиддин, аз ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон