Имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назли Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба бузургдошти Рӯзи модар бо иштироки ходимони давлатӣ, фаъолони арсаи сиёсат ва ҷомеа, намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо чорабинии тантанавӣ таҳти унвони ” Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад” доир гардид.
Чорабинии тантанавӣ бо сухани ифтитоҳии муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ оғоз гардида, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли модарон, занону бонувонро табрику муборакбод намуд.
Қайд гардид, ки бузургдошти Рӯзи модар, ки 15 сол муқаддам бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида буд, ба кулли модарону бонувони иззатманди тоҷик рӯҳу илҳоми тоза бахшида, гувоҳӣ аз сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таваҷҷӯҳи дастгириҳои пайвастаи занону модарони тоҷик аст.
Инчунин тазаккур дода шуд, ки Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ба занону бонувон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа такя мекунад ва барои ҳалли мушкилоти ин табақаи бонуфузи иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар охир чорабинии мазкурро барномаи рангини фарҳангии ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ шаҳомати хоса бахшида, ба иштирокдорон накҳату нафосати идонаро эҳдо намуд.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”