БОНУВОН ДАР ТАШАККУЛИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ НАҚШИ БУЗУРГ ДОРАНД

5 марти соли 2023 дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тасдиқ гардидааст, бахшида ба Рузи модар бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим чорабинии тантанавӣ доир гардидааст.

Тавре сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар додааст, дар чорабинӣ кормандбонувони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар баромади худ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим дар робита ба дастгириву таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаву барномаҳои амалкунанда дар самти дастгирии бонувон ва баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеи андешаронӣ намуда, саҳми занону бонувонро дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи имрӯзи ҳаёти ҷомеа таъсиргузор арзёбӣ намуд.

Дар фарҷом табрикоти масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таври видеои пешниҳоди бонувон гардонида шуда, ба онҳо аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.