Олимон замони обшавии бузургтарин пиряхи ҷаҳонро муайян карданд

Гурӯҳи олимон аз ИМА, Британияи Кабир ва чанд кишвари дигар ҷаҳон дар натиҷаи як таҳқиқот муайян карданд, ки 80 сол пеш обшавии бузургтарин пиряхи ҷаҳон “Твейтс” оғоз шуда будааст.

Дар ин бора шабакаи телевизионии МИР 24 хабар медиҳад. Пиряхи Твейтс дар Антарктидаи Ғарби ҷойгир буда, ба андозаи штати Флоридаи Амрико баробар аст. Пиряхи Твейтс аз солҳои 1980-ум инҷониб бо суръат об мешавад, ки боиси 4% дарсад болоравии сатҳи баҳр гардидааст. Ба андешаи муҳақиқон обшавии Пиряхи Твейтс дар солҳои 1940-ум бинобар падидаи Эл Нино, оғоз шудааст.