29 феврали соли 2024 дар ҳошияи Форуми дипломатии Анталия мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳакан Фидан баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо раванди густариши муносибатҳои дуҷониба, алалхусус дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, маориф ва иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон доир ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳамчунин Сироҷиддин Муҳриддин ҳамтои худро барои дар сатҳи баланд ташкил намудани форум табрик гуфт.