Қисми даромади буҷети ноҳияи Сино 108,2 фоиз иҷро шудааст

Имрӯз дар МИҲД ноҳияи Сино бо иштироки намояндагони ВАО вобаста ба натиҷаи фаъолияти ноҳия дар соли 2023 нишасти матбуотӣ доир гардида, раиси ноҳияи Сино, Тоҷиддин Саидзода ба рӯзноманигорон иттиллоъ дод, ки дар соли 2023 даромади буҷети ноҳия аз рӯйи контингенти умумӣ ба маблағи 1 миллиарду 56,4 миллион сомонӣ муқаррар шуда, дар асл ба буҷет ба маблағи 1 миллиарду 142,7 сомонӣ ворид гардид, ки 108,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин илова гардид, ки дар ноҳия 311 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо истеҳсоли 78 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст.

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия дар маҷмӯъ ба маблағи 1 миллиарду 744,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2022 ба маблағи 345,3 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 124,8 фоизро ташкил медиҳад.

Рустами Зоир,
радиои “Тоҷикистон”