Дар соли 2023 мутасаддиёни самти меҳнати сохторҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо ба кормандони 8851 адад корхона, муассиса ва ташкилоти гуногунсоҳаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар маҷмуъ ба 33440 нафар вобаста ба масъалаҳое, ки аз муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ бармеоянд, кумаки методию амалӣ расонида, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуда, илова гардид, ки аз ҷумла, дар давраи мадди назар аз ҷониби кормандони мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба 350 адад корхона бо фарогирии 1904 нафар корманд, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба 4114 адад корхона бо иштироки 9497 нафар корманд, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба 2267 адад корхона бо ҷалби 12525 нафар корманд, дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба 622 адад корхона бо иштироки 2313 нафар корманд ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 1498 адад муассисаву корхона бо ҷалби 5411 нафар корманд хизматҳои машваратӣ ва кумаки методию амалӣ расонда шуд.
Ба иттилои манбаъ, тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ 350253 субъекти хоҷагидори фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 33790 корхона, муассиса, ташкилот, 35699 субъект тариқи шаҳодатнома, 57304 адад тариқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 46966 адад тариқи патент ва 175624 адад хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамоянд. Аз 33790 адад корхона, муассиса ва ташкилот 19166 адад ё 56,7 фоизи онҳо ҳуқуқи ба имзо расонидани шартномаи коллективиро доранд.