Сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар дар соли 2023 65 214 нафарро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 фоиз кам гардидааст.
Ин матлабро вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Гулнора Ҳасанзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дода, инчунин гуфт, рафти муҳоҷирати меҳнати шаҳрвандони ҷумҳурӣ 627028 нафар ба Федератсияи Русия, 18418 нафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва 6568 нафар ба дигар давлатҳо рост меояд.
Ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнати корҳои муайян ба анҷом расонида шуд, аз ҷумла аз ҷониби Федератсияи Русия 5 муассисаи касбӣ таъсис дода шуд, гуфта шуд дар рафти нишасти хабарии ин ниҳод.
Олуфта Шарипова
радиои “Тоҷикистон”