Оғози таҷлили ҷашни Сада дар Душанбе

Ин лаҳзаҳо дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ баргузор гардида истодааст.

Дар оғози намоиш фурӯш муовини сарвазири кишвар Сулаймон Зиёзода, Мушовири бахши Ёрдамчии президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати кишоварзии кишвар ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок карда аз маҳсули дасти кишоварзону ҳунармандон дидан карда ба онҳо баҳои баланд доданд.

Дар намоишгоҳ кишоварзон аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат техникаҳои кории кишоварзӣ, навъҳои тухмии зироат ва техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, ярмарка-фурӯши ниҳол, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш гузоштанд.

Ҳамчунин ҳунармандон намунаи либосҳои миллӣ ва кадбонувон намудҳои гуногуни таомҳои миллиро омода карда, пешниҳоди иштирокчиён гардониданд.

Дар роҳравҳои боғ ҳамчун рамзи ғолибияти гарми бар сардӣ, гулханҳои оташ афрохта шуданд. Барномаи консертии омода намудаи санъаткорон ҳам писанди сайркунандагони боғ гардид.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон