Баргузории конференсияи илмию амалӣ бахшида ба ҷашни Сада дар АМИТ

Имрӯз дар АМИТ конференсияи илмию амалӣ бахшида ба ҷашни Сада таҳти унвони “Ҷашни Сада ва моҳияти арзишҳои он” доир гардид, ки дар он ширкаткунандагон роҷеъ ба моҳият ва муҳимияти ин ҷашни аждодӣ изҳори назар намуданд.

Сада яке аз ҷашнҳои қадимтарини миллати тоҷик маҳсуб ёфта, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббуси созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё ва рушд кард.

Қобилҷон Хушвахтзода Президенти АМИТ зимни суханрониашон дар конфронс қайд карданд, ки Сада рамзе аз тамаддуни волои ниёгон буда, эҳтиром ба рӯшноӣ, равшанӣ ва гармиро дорад.
Абдувалӣ Шарифзода мудири Шуъбаи таърихи илм ва техникаи Иниститути таърих дар мавзуъи «Таърих ва оинҳои ҷашни Сада» суханрони намуда, пайдоиш ва моҳияти ин ҷашнро чунин шарҳ дод.

Маврид ба зикр аст, ки дар кори Конфронси «Сада ва моҳияти арзишҳои он”, Олимону донишмандон, омӯзгорону кормандон ва дигар олимону мутахасисон иштирок намуданд. Дар рафти чорабини аз чониби дигар иштирокчиён дар мавзуъи “Ҷашни Сада ва моҳияти арзишҳои он”, «Таърих ва оинҳои ҷашни Сада», «Сада ҷашни миллӣ ва мардумӣ», «Ҷашни Сада-пайғоме аз ғалабаи нур бар зулмат» маърузахои пурмухтаво ироа гардид.

Муҷиддини Сайфиддин,

радиои “Тоҷикистон”