Натиҷаҳои сафари давлатии Пешвои миллат, президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Қатар, маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2023, тасдиқи чанд созишномаҳои байнидавлатӣ дар Маҷлиси намояндагон, омодагӣ барои киштукори баҳорӣ дар кишвар, таъсири тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон ва дигар масоил аз ҷумлаи муҳимтарин матолиби хабариву таҳлилии нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 23 январ аз натиҷаҳои сафари давлатии Пешвои миллат, президенти кишвар муҳтарам Эмоалӣ Раҳмон ба давлати Қатар гузориши муфассал нашр кард. Зикр мешавад, ки дар пайи музокироти сатҳи олӣ миёни ду кишвар дар шаҳри Давҳа 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 25 январ мақолае бо номи “Сада – иди қадимаи халқи тоҷик ва мардуми шарқ” чоп карда, менависад, ки ҷашну идҳо, чун суннати мардумӣ, барои рангин гардондан ва ғановат бахшидани зиндагии миллатҳо хидмат мекунанд.
Ба гуфтаи муаллиф идҳои халқи тоҷик низ дар давоми таърих сайқал ёфта, шаклан ва мазмунан ғанӣ гардида, вобаста ба шароити замон ва сиёсати вақт оҳангу маъниҳои нав пайдо намудаанд. Аҷдодамон ҷашнҳои Сада, Наврўз, Тиргон ва Меҳргонро «Ҷашнҳои чоргона» номидаанд, ки хусусиятҳои фарқкунанда доранд.
Номзади илмҳои таърих, профессор Усто Ҷаҳонов мегўяд, ки Садаро панҷоҳ шабонарўз пеш аз Наврўз ҷашн мегирифтанд, ки он мутобиқи солшумории нав ба 30-31-уми январ рост меояд.
Ба хулосаи муаллиф, дар фарҳанги суннатии ниёкони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ нақши калидӣ дошта, ба Ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар ин давра сармо гирифта, баъдан ҳаво тадриҷан гарм мешавад. Хулоса, Ҷашни Сада – иди қадимаи тоҷикон буда, муаррифгари шоистаи халқи тоҷик ва таҷассумгари ҳаёти маънавии мардум мебошад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлаби дигари шумораи худ, масъалаи рушди ҳунарҳои мардумӣ дар кишварро баррасӣ кардааст. Муаллиф менависад, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ воситаи муҳим ҷиҳати муаррифии миллати қадима, беҳгардонии сатҳи зиндагӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани духтарону занон аст.
Ба гуфтаи Дилшод Раҳимӣ намояндаи Тоҷикистон ЮНЕСКО, дар «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» 107 касбу ҳунари тоҷикон ба қайд гирифта шуда, алҳол шумораи онҳо, мутобиқи таҳқиқоти олимони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба 112 мерасад. Илова бар ин Гулдўзии чакан (соли 2018), кирмакпарварӣ ва истеҳсоли абрешим (2022), атлас ва адрасбофӣ (2023) ва зарҳалкорӣ (2023) ба руйхати меъроси фарҳанги ғайримодии ЮНЕСКО сабт шудаанд.
Аз сӯи дигар, ба андешаи Дилшод Раҳимӣ, мушкили асосие, ки дар ҳунармандони тоҷик ба чашм мерасад, саросема омода намудани ҳунарҳои дастист, ки дар натиҷа бозоргузор намешаванд. Бо сабаби паст будани сифат маҳсулот ба истеъмолкунанда рафта намерасад ё дар бештари вақт маҳсулоти дастӣ ба талабот ҷавогўянд, аммо ҳунармандон бозорёбӣ (маркетинг) карда наметавонанд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 25 январ хабар дод, ки вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи ахири худ 1 созишномаи қарзӣ ва се созишномаи байнидавлатӣ бо давлати Қатарро баррасӣ ва тасвиб карданд.
Аз ҷумла, вакилони мардумӣ созишномаи қарзӣ миёни Тоҷикистон ва Сандуқии саудии рушд барои сармоягузорӣ дар лоиҳаи «Роғун»-ро тасвиб карданд. Маблағи қарзи Сандуқи саудии рушд 100 миллион доллар буда, барои идомаи иҷрои корҳои ҷузъи чорум дар лоиҳаи неругоҳи «Роғун» пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин таъкид шуд, ки қарзи пешниҳодшудаи Сандуқи саудии рушд имтиёзнок буда, 35,46 дарсдаи он грант аст. Дар ин ҷаласаи парлумон таъкид шуд, Тибқи таҳлилҳо, афзоиши аҳолӣ, суръати баланди саноатикунонии Тоҷикистон боиси ҳамасола 2-2,5 дарсад афзудани талабот ба неруи барқ дар ин кишвар мегардад.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз бузургтарин лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ мебошад, ки бо иқтидори 3600 мегаватт имкон дорад на танҳо эҳтиёҷоти дохилии Тоҷикистонро бо барқ таъмин кунад, балки кишварҳои минтақаро бо барқи тоза таъмин намояд.
Инчунин вакилон дар ин ҷаласаи Маҷлиси намояндагон созишномаҳо миёни Тоҷикистон ва Қатар дар бораи истирдод, бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноятиро тасдиқ карданд.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар матлаби дигари хеш менависад, ки дар иҷлосияҳои сенздаҳум, чордаҳум, понздаҳум ва шонздаҳуми Маҷлиси миллӣ, ки 15 март, 16 июн, 3 ноябр ва 27 декабри соли 2023 баргузор гардиданд, дар маҷмӯъ, 111 қарор ва доир ба дигар масъалаҳо 25 қарор қабул гардид.
Аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ 86 қонун, аз он 13 қонуни мукаммал, 3 пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 пешниҳоди Президенти кишвар оид ба интихоб ва бозхонд намудани судяҳо баррасӣ гардида, ҷонибдорӣ карда шуданд.
Дар ин замина таъкид мешавад, ки дар соли 2023 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аъзои Маҷлиси миллӣ 18 лоиҳаи қонунҳоро таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 25 январ хабар медиҳад, ки нақлиёти ҷамъияти Душанбе пурра барқӣ мешавад.
Нашрия бо такя ба шаҳрдории Душанбе навишт, ки дар ояндаи наздик қарор аст, нақлиёти ҷамъиятии Душанбе пурра ба мошинҳои барқӣ гузарад. “Танҳо дар зарфи шаш соли ахир парки нақлиётии ҷаъияти шаҳри Душанбе бо 410 автобусаз корхонаи ватанӣ таъмин гардидааст” – хабар медиҳад манбаъ.
Ҳамчунин, манбаъ мегӯяд, ки «дар оянда тамоми нақлиёти ҷамъиятӣ бо автобусҳои барқӣ иваз хоҳад шуд». Бояд гуфт, ки ахиран чанде пеш 30 электробуси нав, ки дар корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол гардидаанд муаррифӣ шуданд. Гуфта мешавад, электробусҳо 12 метр дарозӣ дошта имкони ғунҷондани 100 мусофирро доранд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 25 январ бо нашри матлабе мушкилоти мизони болои масрафи об дар кишварҳои Осиёи Марказиро матраҳ кардааст.
Муаллиф бо такя ба раддабании ҷаҳонӣ менависад, ки Туркманистон аз назари масрафи об бар сари ҳар як нафар аҳолӣ 15,9 ҳазор литр дар рӯз, дар ҷаҳон дар ҷойи якум қарор дорад. Дар Узбекистон ин нишондод 4,8 ҳазор литр, Тоҷикситон 4,46 ҳазор, Қирғизистон 4,2 ҳазор литр ва Қазоқистон 3,5 ҳазор литр дар як шабонарӯз аст.
Барои қиёс аз ҳама нишондоди пойин дар масрафи рӯзонаи об дар кишварҳои африқоӣ сабт шудааст, ки ба унвони мисол мизони масрафи рӯзонаи об бар сари ҳар як нафар дар Ҷумҳурии демокаратии Конго 34 литр аст.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”