ҶОМИ ОСИЁ – 2023: Тоҷикистон аз Қатар бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.

Дар доираи бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё -2023 дар гурӯҳи “А” тими миллии Тоҷикистон бо тими миллии Қатар рақобат намуд. Бозии дастаҳо дар майдони “Ал-байт”-и Доҳа баргузор гардида, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи футболбозони Қатар ба анҷом расид. Голи ягонаи бозиро ҳамлагари Қатар Акмал Афиф дар дақиқаи 17-ум ба самар расонид. Дар қисми аввали бозӣ футболбозони Тоҷикистон маҳорати баланд нишон дода, ҷараёни бештари бозиро идора намуданд. Аммо, бо вуҷуди якчанд ҳамлаҳои хатарнок мутаассифона задани гол барои футболбозони тоҷик муяссар нагардид. Қисмати дуюми бозӣ бенатиҷа ёфт.

Бояд гуфт, ки ин дуюмин бозии мунтахаботи Тоҷикистон аст, ки дар доираи бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё -2023 анҷом медиҳад. Қабл, аз ин тими миллии Тоҷикистон бо тими миллии Чин рақобат намуда бозии дастаҳо бо натиҷаи 0:0 хотима ёфт.

Ҳамзамон, дар доираи ҳамин даври бозиҳо бозии мунтахаботи Ливан ва Чин мусовӣ анҷом ёфт. Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дастаи мунтахаби Тоҷикистон 22-юми январ бо дастаи яккачини Лубнон рақобат менамояд.