Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо ноиби Раиси Комиссияи Аврупо

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ноиби Раиси Комиссияи Аврупо Маргаритис Схинас баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо рӯзномаи феълии равобити дуҷонибаро матраҳ карда, вобаста ба роҳҳои рушд ва тавсеаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ табодули афкор намуданд.  Инчунин, тарафҳо масоили амнияти минтақавӣ, вазъ дар Афғонистон, таҳдиди терроризму экстремизм ва дигар масоили мубрами мавриди эҳтимоми тарафҳоро муҳокима карданд.

 Дар ҷараёни вохури  Сироҷиддин Муҳриддин,  Вазири корҳои  хориҷии  Ҷумхурии Тоҷикистон  иброз дошт, ки «Тоҷикистон ҳамеша омода аст муколамаи ҷорӣ дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дастгирӣ намояд ва аз равобити баланде истиқбол мекунад”

 Дар навбати худ Ноиби раиси Комиссияи Аврупо Маргаритис Схинас   бо изҳори хурсанди  суханҳои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро  ќабул карда аз пазироии сатҳи баланди тарафи Тоҷикистон ва нисбат ба сиёсати сулҳҷуёнаи  кишвари мо изҳори ќаноатмандї намуд.

                         Шоистаи Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”