9 январ дар шаҳри Теҳрон дар доираи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Теҳрон муҳтарам Алиризо Зоконӣ мулоқот анҷом доданд.
Нахуст, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии самимӣ ба ҷониби мизбон арзи сипос намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки байни Душанбе ва Теҳрон ҳанӯз соли 1995 муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор карда шуда, дар ин давра байни пойтахтҳои ду давлат дар асоси эътимод ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муштарак ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои алоҳида сурат гирифтанд.
Теҳрон ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоративу молиявӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон солҳои охир дар бахшҳои мухталифи шаҳрдорӣ ба дастовард ва рушду пешрафти назаррас ноил шудаааст.
Изҳори умед карда шуд, ки робитаҳои наздики Душанбе ва Теҳрон имкон медиҳад, ки ҷонибҳо бо назардошти иқтидорҳои бузурги саноатӣ ва илмиву фарҳангии ду пойтахт ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро тақвият диҳанд.
Аз ин рӯ, тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои тиҷорату иқтисод, саноат, фарҳанг ва гуманитарӣ, инчунин табодули таҷриба дар фаъолияти шаҳрсозӣ, ободонӣ ва идораи маҷмӯи инфрасохтори шаҳрҳо барои ҳарду ҷониб муҳим арзёбӣ гардид.
Дар фарҷоми мулоқот бо мақсади тавсеа ва таъмиқи равобити судманди байни Душанбе ва Теҳрон аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Теҳрон муҳтарам Алиризо Зоконӣ Барномаи ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Теҳрон дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ ба имзо расонида шуд.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки санади нави ҳамкорӣ миёни бародаршаҳрҳо барои густариши минбаъдаи муносибатҳои неку манфиатбахши Душанбе ва Теҳрон заминаи муносиб фароҳам меорад.