Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти Расадхонаи шаҳри Теҳрон шинос шуданд

Дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти Расадхонаи шаҳри Теҳрон шинос шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.  

Расадхонаи шаҳри Теҳрон дар ҳудуди маҷмааи Бурҷи милод ҷойгир буда, маркази бузурги маълумотҷамъоварии идоравӣ барои ниҳодҳои давлатии шаҳр, аз ҷумла аъзои Шурои шаҳри Теҳрон мебошад.

Дар Марказ маълумот бо истифода аз аксҳои фазоии шаҳрдории Теҳрон, харитаи сеандозаи Теҳрон, системаи харитасозии Теҳрон, инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаи шаҳрӣ таҳия ва пешниҳод мегардад.

Тамоми маълумот оид ба шаҳри Теҳрон дар як нуқта мутамарказ шуда, ба таври онлайн ҷамъоварӣ ва мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода мешавад.

Дар асоси маълумоти пешниҳодшуда ниҳодҳои ваколатдор ҷиҳати қабули қарорҳои миёнамуҳлату дарозмуддат, аз ҷумла дар масъалаҳои буҳронӣ тасмим мегиранд.