Бонки миллии Тоҷикистон узви Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор (“SBFN”) шуд

8 декабри соли 2023 тасдиқномаи Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор (“SBFN”) дар хусуси пайваст шудани Бонки миллии Тоҷикистон ба SBFN дастрас гардид. Дар ин бора аз Шуъбаи матбуоти БМТ хабар доданд.

Маврид ба зикр аст, ки SBFN соли 2012 аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) таъсис гардидааст ва ба ҳолати моҳи декабри соли 2023 Шабакаи мазкур бо 84 танзимгари молиявӣ ва ассотсиатсияи саноатӣ дар 66 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ мекунад.

Аъзои шабакаи мазкур аз рӯи сатҳ ва гурӯҳҳои кории мавзуӣ дар марҳилаҳои гуногуни татбиқи чораҳо дар самти маблағгузории устувор ҳамкорӣ намуда, ташаббусҳои миллии маблағгузории устуворро дар доираи таҷрибаҳои байналмилалӣ амалӣ ва ба рушди маблағгузории устувор дар кишварҳои худ мусоидат менамоянд.

Дар робита ба ин, аъзои SBFN-ро зарур аст ҷиҳати беҳтар кардани масъалаҳои идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ (ESG) аз ҷониби муассисаҳои молиявӣ, аз ҷумла идоракунӣ ва ифшои хатарҳои иқлимӣ, афзоиши гардиши сармоя ба фаъолиятҳое, ки таъсири мусбати экологӣ ва иҷтимоӣ доранд, аз қабили коҳиш додани тағирёбии иқлим, чораандешӣ намоянд.

Низоми бонкии мамлакат дар ин росто як қатор корҳоро амалӣ намуда истодааст ва Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назоратӣ барои ба таҷрибаи байналмилалӣ мутобиқ намудани фаъолияти низоми бонкӣ дар самти мазкур чораҳои зарурӣ меандешад.