Вазири корҳои хориҷии Туркия ба Тоҷикистон омад

9 январи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳакан Фидан, барои анҷоми сафари расмӣ вориди Душанбе гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода пешвоз гирифт.