Нигаронии вазири нақлиёт аз мошинҳои боркаше, ки аз меъёри муқарраршуда зиёд бор гирифта, роҳу пулҳоро вайрон мекунанд

Нақлиёти автомобилӣ дар таъминоти логистикии иқтисодиёти Тоҷикистон нақши калидӣ дорад, зеро аксари борҳо дар кишвар (беш аз 90%) маҳз тавассути ин намуди нақлиёт интиқол дода мешаванд. Аммо  он ки мошинҳои боркаш аз меъёри муқарраршуда зиёд бор гирифта, роҳҳо ва пулҳоро вайрон мекунанд ва ба давлат зарари калон мерасонанд, таҳаммулнопазир аст. Дар ин бора имрӯз вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷаласаи назоратӣ бо иштироки роҳбарони воҳидҳои дахлдор ва  муассисаҳои зертобеи вазорат изҳори нигарогнӣ кардааст.

Тавре сомонаи ин Вазорат хабар медиҳад, вазири нақлиёт навореро мисол овардааст, ки онро як корбари Instagramm бо номи «@Palviz_tv H» дар ин шабакаи иҷтимоӣ паҳн кардааст ва дар ин навор пулеро дидан мумкин аст, ки зери мошини гаронвазн тоб наоварда, шикастааст.

Ба иттилои манбаъ, муовини вазир Фаррух Неъматзода дар бораи ин ҳодиса чунин иттилоъ дод: 4 январи соли 2024 дар ҳудуди деҳаи Тугараки ноҳияи Восеъ мошини боркаши «Дулан», рақами қайди давлатиаш 12-13 ВВ РТ 01, ронандааш Мирзоев Ибодулло Аловиддинович, ҳангоми интиқоли сангу шағал аз болои пули нақлиётии байни деҳаҳои Тугарак ва Хосаи Қурбон бо вазни аз меъёр зиёд (тақрибан 50-52 Тонна) гузашта,  боиси шикаста ва фурӯ рехтани ин пул гардидааст. Андозаи пул 33 бар 3 метр буда, пеш аз он аломати роҳ бо нишондоди иқтидори борбардории пул – 40 тонна насб карда шудааст.

Гуфта шудааст, ки дар ин хусус санади дахлдор аз ҷониби муовини Раиси ноҳия Сабур Султонзода, сардори ШКҲФ ва МГ дар ноҳияи Восеъ подполковник Д. Ятимов, Раиси ҷамоати деҳоти Тугарак Нилуфари Амрулло, сармуҳандиси  Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия С. Саидов ва нозири шуъбаи БДА-и ноҳия Ё. Шарипов тартиб дода, маводҳо ба прокуратураи ноҳияи Восеъ барои чораҷӯӣ супорида шуданд.