Бо татбиқи иқтисоди «сабз» Тоҷикистон метавонад ба қатори давлатҳои камихроҷкунандаи газҳои гулхонаӣ ва аз ҷиҳати сайёҳии экологӣ рушдёфта ворид гардад

Бо татбиқи иқтисоди «сабз» Тоҷикистон метавонад дар истифодаи иқтидори тавлиди неруи барқ аз сарчашмаҳои барқароршаванда дар ҷаҳон мавқеи пешсафро ишғол намояд, ҳамчунин ба содироткунандаи азими қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар минтақа, истеҳсолкунандаи неруи барқ аз дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, истеҳсолкунанда ва содироткунандаи маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозашуда ба қатори давлатҳои камихроҷкунандаи газҳои гулхонаӣ ва аз ҷиҳати сайёҳии экологӣ рушдёфта ворид гардад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар асоси принсипҳои иқтисоди «сабз» 30 сентябри соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» қабул гардид, ки ҳоло мавриди татбиқ қарор дорад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023  ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди «сабз» дар мамлакат супоришҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки «бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидори алтернативии истеҳсоли энергияи «сабз»яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд». Мояи ифтихори тамоми мардуми ҷумҳурӣ гардид, ки тибқи нақшаҳои Ҳукумати мамлакат, соли 2025 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода мешавад.

Ҳамзамон Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки «бо амалисозии ин тадбирҳо соли 2032 истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаяъне 100 фоиз бо энергияи «сабз» таъмин гардидадар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи иқтисоди «сабз» соли 2037 воқеан ба «мамлакати сабз» табдил меёбад».

Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти рушди иқтисоди «сабз» бо мақсади ҳамоҳангсозии ҷараёни ноил шудан ба ҳадафу иҷрои вазифаҳои дар Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 пешбинишуда, ҳамзамон ҷиҳати мониторинг ва арзёбии он кор мебарад.

Иқтисоди «сабз» раванди рушди устувор буда, ҳадафи асосии он таъмини рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва мувозинати экологӣ дар давраи дарозмуддат аст, ки истифодаи самараноки захираҳои табииро таъмин менамояд.

Ҳамзамон иқтисоди «сабз» фаъолияти иқтисодие аст, ки бо истеҳсол, тақсимот ва истеъмоли молҳо ва хизматрасониҳо алоқаманд буда, некӯаҳволии мардум ва нигаҳдории сармояи табииро барои давраи дарозмуҳлат таъмин менамояд.

Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 бо мақсади таъмини иҷрои ҳадафу вазифаҳои он аз 12 бахши асосӣ иборат буда, самтҳои асосии  зеринро дар бар мегирад, аз ҷумла  истифодаи самараноки энергияи «сабз» ва таъмини сарфаҷӯии энергия, татбиқи иқтисоди «сабз» дар саноатикунонии мамлакат; ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди «сабз» дар соҳаи кишоварзӣ, рушди нақлиёти «сабз» ва инфрасохтори ба он мутобиқ, амалисозии принсипҳои иқтисоди «сабз» дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон, такмили низоми хоҷагидории манзилию коммуналӣ ва идоракунии партовҳо, ҳифз ва истифодаи босуботи сармояи табиӣ ва кам намудани газҳои гулхонаӣ (карбон), иштироки ҷумҳурӣ дар бозорҳои ҷаҳонии сармоягузории «сабз», такмили қонунгузорӣ ҷиҳати истифодаи васеи иқтисоди «сабз», рушди сайёҳии экологӣ, тақвияти маърифати экологӣ ва баробарҳуқуқӣ ва рушди шуғли «сабз».

Бо амалисозии лоиҳаҳои бузурги бунёду таҷдиди иншооти энергетикии мамлакат, аз ҷумла бунёди неругоҳи «Роғун» ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» дар 7 соли оянда иқтидори энергетикии мамлакат иловатан ба 4000 МВт афзоиш дода шуда, ба 10000 МВт расонида мешавад.

Дар доираи амалисозии ҳадафи саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ пешбинӣ мегардад, ки то соли 2030 ҳиссаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба сатҳи 30 фоиз расонида мешавад ва дар баробари ноил гардидан ба ин нишондиҳанда амалишавии васеи иқтисоди «сабз» дар соҳаи саноат муҳим арзёбӣ мегардад.

Амалисозии принсипҳои иқтисоди «сабз» дар соҳаи кишоварзӣ ба афзоиши сармоягузориҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар обёрӣ, истифода ва идоракунии оқилонаи захираҳои замин, пешгирии бадшавии ҳолати мелиоративии заминҳо ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, даромаднокӣ ва ҳосилнокӣ мусоидат менамояд.

Баҳри татбиқи раванди иқтисоди «сабз» дар соҳаи нақлиёт муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи воситаҳои нақлиёти барқӣ дар қаламрави мамлакат тадриҷан амалӣ мегардад.

Дар ҷумҳурӣ ҳангоми гузариш ба принсипҳои иқтисоди «сабз» дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон тавассути такмил додани дастурҳои техникӣ дар вобастагӣ ба сарфаи энергия ҳангоми истифодаи таҷҳизоти электрикӣ дар биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ, шабакаҳои гармидиҳӣ ва ҳифзи гармии биноҳо бо риояи стандартҳо (меъёрҳо)-и муосири гарминигоҳдории бино амалӣ мегардад.

Низоми босамари идоракунии хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҷорӣ намудани стандарти ягона ҷиҳати истифодаи қуттиҳо барои партовҳо бо ҷудокунӣ ба навъҳо, танзими коркарди партовҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ҷиҳати безараргардонӣ ва истифодаи дубораи партовҳо амалӣ мегардад.

Ҳадафи стратегии рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин таъмини рушди иқтисодӣ аз ҳисоби истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва суботи иҷтимоӣ, таъмини баробарии экологӣ, инчунин истифодаи мақсадноки сармояи ҷалбгардида дар давраи дарозмуҳлат мебошад.

Ин раванд дар самти эътироф гардидани Тоҷикистон ҳамчун мамлакати пешбарандаи принсипи иқтисоди «сабз» идома ёфта, ба гуногунсамтиву рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, фаъолияти самарабахши бахшҳои воқеии иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди неруи инсонӣ, таҳкими институтсионалӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувору сифатноки иқтисоди миллӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ ва афзуннамоии он, истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз лиҳози органикӣ ҷавобгӯ ба талаботи муосир ва энергияи «сабз», инчунин ба ҷалби захираҳои молиявӣ ва истифодаи технологияҳои муосири ҷавобгӯ ба иқтисоди «сабз» афзалият дода мешавад.

Барои ноил шудан ба рушди устувор дар раванди амалишавии иқтисоди «сабз» дар самтҳои зерин, аз ҷумла риоя намудани меъёрҳо ва санадҳои байналмилалии танзимкунандаи ташаккули иқтисоди «сабз», таҳким ва тақвияти раванди мутобиқшавии институтсионалӣ ба талаботи иқтисоди «сабз», ҳавасманд намудани фаъолияти инноватсионӣ дар самти самараҷӯӣ ва сарфаҷӯӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҷалб намудани захираҳои молиявӣ ва интиқоли технологияҳои муосири ҷавобгӯ ба иқтисоди «сабз», баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ тавассути зиёд намудани табақаи миёнаи аҳолӣ, тақвияти баробарҳуқуқӣ дар дастрасӣ ба хизматрасонии экологӣ, ҷорӣ намудани тамсилаҳои оқилонаи истеъмол ва истеҳсоли маҳсулот, таъмини алоқамандӣ байни рушди иқтисодӣ ва устувории экологӣ, таъмини мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҳамбастагӣ бо иқтисоди «сабз» ва таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ ва афзуннамоии он корҳо тақвият дода мешаванд.

Зарур аст, ки дар ҷумҳурӣ корҳои ободонию бунёдкорӣ, сабзазоркуниву васеъ намудани масоҳати ҷангалҳо, истифодаи самараноки ҳар порча замин, баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо, баланд бадоштани фарҳанги истифодаи табиат ва бойигарии он, партовпартоии ҷудогона ва рушди коркарди дубораи партов ва дигар корҳо таҳким бахшида шаванд.

Бо иҷрои ин амалҳо мо якҷо давлатамонро дар ҳақиқат ба мамлакати «сабз» мубаддал мегардонем.

Ашурбой Солеҳзода, муовини якуми Вазири

рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз АМИТ “Ховар”