Дар шаҳри Теҳрон дар доираи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф мулоқот намуданд.
Дар ин бора канали телеграмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ хабар додааст.
Ёдовар мешавем,ки субҳи имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафта буданд.