Соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистонро дар соли 2024 чӣ интизор аст? (Шарҳи Вазорати нақлиёт)

 Татбиқи лоиҳаҳо идома меёбад

     Дар Тоҷикистон соли 2024 татбиқи лоиҳаҳо оид ба сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, пулҳо ва гузаргоҳҳои зидди тарма, аз ҷумла сохтмони роҳи автомобилгарди «Роғун–Обигарм–Нуробод» (76 километр), таҷдиди роҳҳои «Бохтар-Левакант-Лолазор (Оқмазор) –Данғара» (69 км), 4 қитъаи роҳ иборат аз 51,2 км дар вилояти Суғд («Куруш-Бекобод», 12,3 км; «Деҳмой-Б. Ғафуров», 22 км; «Б. Гафуров-Хистеварз», 6,6 км ва «Кучкак- Конибодом», 10,3 км) ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қитъаи роҳи «Қалайхумб–Ванҷ–сарҳади ноҳияи Рӯшон» (93 километр), сохтмони пул дар шаҳри Хоруғ аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр ва роҳҳои ба он пайвастшаванда (1,1 км), дар мавзеи Барсем сохтмони роҳи автомобилгард бо дарозии 3,5 км, долони зидди тармавӣ бо дарозии 550 метр ва пул аз болои Шофдарё бо дарозии 82,3 метр идома хоҳад ёфт.

 Роҳҳои автомобилгарди “Гулистон-Кӯлоб” (32,5 км), “Данғара-Гулистон” (49,2 км), “Гулистон-Фархор” (40 км)  азнавсозӣ карда мешаванд.

 Тайи ду соли оянда дар кишвар 317 километр роҳҳои байналмилалии автомобилӣ, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 км ва 7 долони зиддитармавӣ ба истифода дода мешаванд.

Ҳадафи ин лоиҳаҳо табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ мебошад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба парлумони мамлакат рӯзи 23 декабри соли 2022 зикр намуданд, ки корҳои анҷомдодашуда дар соҳаи нақлиёт ба ҷумҳурӣ имкон доданд, ки дар 4 соли охир, тибқи арзёбии форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, дар рейтинги сифати роҳҳо дар байни 138 кишвари мавриди таҳқиқот дар ҷои 50-ум қарор гирад.

         Аз буҷа маблағи бештар ҷудо мегардад

Тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ба соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия 3530611 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Ин нисбат ба соли 2023ба андозаи 643259 сомонӣ зиёд аст.

«Солҳои охир соҳаи роҳу нақлиёт босуръат рушд карда истодааст, ки дар натиҷа мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардидем», –  изҳор намуданд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ моҳи декабри соли 2021.

Дар Тоҷикистон ҳоло дар соҳаи нақлиёт якчанд лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 10,7 миллиард сомонӣ ва дар маҷмӯъ 17 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ карда мешаванд.

  Маош ва ҳадди ақали музди меҳнат зиёд мешавад  

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2023, зимни Паёми худ, ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат чунин супориш доданд:

– аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд.

– аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд;

– инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад;

Ҳамзамон бо ин, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

            Рақамикунонӣ ва шиносномакунӣ идома меёбанд

 «Дар баробари сохта, ба истифода додани роҳҳои мошингард, тартиби истифодабарии самаранок ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои бунёдгардида яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад», – зикр намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023.

Вобаста ба ин, Сарвари давлат ҷорӣ намудани механизми назорати рақамии ҳаракати нақлиёти гаронвазнро хеле муҳим арзёбӣ намуданд.

Бинобарин, Президенти мамлакат Вазорати нақлиёт ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро вазифадор намуданд, ки минбаъд низ ҷиҳати ҷалби сармоя ва самаранок амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла лоиҳаи шабакаи ягонаи назорати рақамии ченкунии вазни нақлиёти боркаш тадбирҳои ҳатмӣ андешанд.

  Дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати нақлиёти ҶТ рақамикунонии самтҳои фаъолияти соҳаро вусъати бештар мебахшад. Ин тадбир тибқи Консепсияи ташкили ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 декабри соли 2011  таҳти рақами 643 тасдиқ гардидааст, шуруъ шудааст.  

 Ба ин хотир дар Вазорати нақлиёт  МД «Маркази рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт» таъсис дода шудааст, ки дар асоси ҳуҷҷатнигории электронӣ амал мекунад ва фаъолияти кишварро дар соҳаи нақлиёт  тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ осон месозад. Дар айни замон, аз 26 модул дар 4 модул корҳо оид ба барномасозии аввал ба анҷом расида, марҳилаи дуюм оғоз ёфтааст.

 Ҳукумати электронӣ системаест, ки барои ташкили муоширати муассири ҷамъиятӣ тамоми муассисаҳо ва мақомоти расмӣ ва ғайрирасмиро муттаҳид мекунад ва барои онҳо шароит фароҳам меорад, то ҳуҷҷатҳои электронии байниидоравӣ тавассути шабакаи компютерӣ гардиш кунанд.

 Моҳи сентябри соли 2023 дар Тоҷикистон бори нахуст дар таърих маъракаи муҳим ва ҳатмии баҳисобгирии дороиҳои роҳ – шиносномадиҳии роҳҳои автомобилгард оғоз гардид. Ин кор бо роҳи автомобилгарди байналмилалии дорои аҳамияти стратегӣ – “Душанбе – Кулма” оғоз пазируфт, ки дарозии он 1008 км мебошад. Дар маҷмӯъ, дарозии умумии шабакаи роҳҳои Тоҷикистон тақрибан 26 600 километрро ташкил медиҳад, ки аз он 14 339 км роҳҳои истифодаи умумӣ, аз ҷумла 3348 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 2 127 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 8 864 км роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд.

 Шиносномадиҳии роҳҳо тавассути системаи муосири баҳисобгирии дороиҳои роҳ ROMDAS, ки аз ҷониби Вазорати нақлиёт бо дастгирии Бонки Осиёии рушд (БОР) ба даст оварда шудааст, гузаронида мешавад. Ин технологияи муосирест, ки барои ҷамъоварии маълумот дар бораи ҳолати роҳҳо истифода мешавад. Аз замони таъсисёбӣ дар солҳои 1990-ум, ширкати Data Collection limited (DCL) – и Зеландияи нав таҷҳизоти ROMDAS-ро ба ширкатҳои зиёда аз 60 кишвари ҷаҳон пешниҳод кардааст. Система на танҳо дар Осиё, балки дар ИМА ва Аврупо низ васеъ паҳн шудааст. Ба ин система компютер (Notebook) бо ду клавиатураи беруна, қабулкунандаи GPS, ченкунаки лазерии масофа бо муайянкунандаи азимут, камераи видеоӣ бо компютери иловагӣ, системаи гироскопҳо, камераи рақамӣ, дастгоҳи вуруди маълумоти овозӣ, ченкунакҳои ларзиш, сенсури суръат ва масофаҳои тайшуда, муайянкунандаи ҳамворӣ TPL, дастгоҳи арзёбии коэффитсиенти пайвастшавӣ дохил мешаванд .

 Минбаъд шиносномакунии роҳҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2021 № 1794 «Дар бораи роҳҳои автомобилӣ ва фаъолияти роҳдорӣ» ҳамасола гузаронида мешавад.

                     Андоз аз нақлиёт меафзояд

Аз 1 январи соли 2024 маблағи пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт ба андозаи 5,88% зиёд мешавад. Ин ба болоравии нишондиҳанда барои ҳисобҳо вобаста буда, дар соли нав он аз 68 сомонии ҳозира то ба 72 сомонӣ боло меравад.

Меъёрҳои андоз аз воситаҳои нақлиёт мувофиқи Кодекси андози амалкунандаи ҶТ вобаста ба иқтидори муҳаррик, фишори муҳаррики реактивӣ, номгӯй, ҷои нишаст, иқтидори борбардорӣ, соҳаи фаъолият бо ҳисоби як қувваи аспи иқтидори муҳаррик, як кВт/соат қувваи барқи иқтидори муҳаррик ва як килограмм – фишори муҳаррики реактивӣ, муқаррар карда мешаванд.

Масалан, меъёрҳои андозбандӣ ба автомашинаҳои сабукрав ба маблағҳои зерин муқаррар карда шудааст:

– то 250 қувваи асп – 7,5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (барои ҳар як қувваи асп);

 – аз 250 то 300 қувваи асп – 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– аз 300 то 350 қувваи асп – 12% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– зиёда аз 350 қувваи асп – 15% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

Ба ин тариқ, барои автомашинаҳои сабукрави иқтидори муҳаррикашон то 250 қувваи асп дар соли 2024 маблағи андоз аз воситаи нақлиёт 1350 сомонӣ (ба ҷойи 1275 сомонӣ дар соли 2023)-ро ташкил медиҳад.

Барои автомашинаҳои сабукрави иқтидори муҳаррикашон аз 250 то 300 қувваи асп дар соли 2024 андоз аз воситаи воситаи нақлиётро ба ҷойи аз 1700 сомонӣ то 2040 сомонӣ дар соли 2023 дар ҳаҷми аз 1800 то 2160 сомонӣ пардохт мекунанд.

Барои автомашинаҳои сабукрави иқтидори муҳаррикашон аз 300 то 350 қувваи асп дар соли 2024 маблағи андоз аз воситаи нақлиёт ба аз 2592 сомонӣ то 3024 сомонӣ (ба ҷойи аз 2448 сомонӣ то 2856 сомонӣ дар соли 2023) баробар мешавад.

Барои автомашинаҳои сабукрави иқтидори муҳаррикашон зиёда аз 350 қувваи асп дар соли 2024 маблағи андоз аз воситаи нақлиёт 3780 сомонӣ (ба ҷойи 3570 сомонӣ дар соли 2023)-ро ташкил медиҳад.

Бо меъёрҳои андоз ба дигар воситаҳои нақлиёт (мотосиклҳо, автобус, мошинҳои боркаш, трактору ҳавопаймо ва ғайра) дар Кодекси андоз (моддаи 360) маълумот дарёфт кардан имкон дорад.

Мутобиқи қонунгузории амалкунанда андоз аз воситаҳои нақлиёт дар баробари андоз аз амволи ғайриманқул ва андоз аз замин ба андоз аз амвол дохил мешавад, ки дар навбати худ, андозҳои маҳаллӣ шуморида мешаванд.

Автомобилу мотосикл, мотороллер, автобус ва дигар механизмҳои худгарди пневматикӣ ва тасмачарх, ҳавопаймо ва чархбол, локомотивҳои роҳи оҳан, заврақҳо, киштиҳои муҳаррикдор, яхтаҳо, киштиҳои бодбондор, обгардҳои муҳаррикдор ва дигар воситаҳои нақлиёти обӣ ва ҳавоӣ объектҳои андозбандӣ мебошанд.

Сарфи назар аз корношоям будани воситаи нақлиёт ё истифода накардани он бо ягон сабаб, молики он (шахсе, ки дар номи ӯ ба қайд гирифта шудааст) уҳдадор аст, ки барои он андоз пардохт кунад.

        Ба вазъи экологӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад

Зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин дастур доданд: «Вазорати нақлиёт ва Хадамоти гумрукро зарур аст, ки ҷиҳати васеъ намудани гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ, ташкили «долонҳои сабз», бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва мувофиқи стандартҳои муосири байналмилалӣ бунёд кардани терминалҳои наздисарҳадӣ чораҷӯйӣ намоянд.

Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати такмили стандартҳои экологиву иҷтимоии таҳияи лоиҳаҳои бунёду азнавсозӣ ва истифодаи роҳҳо бо мақсади мутобиқ намудани онҳо ба принсипҳои иқтисоди «сабз», кабудизоркунии шафати роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд».

Ҳамзамон, бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии кишвар, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш доданд, ки барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишварро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд.

Таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати наслҳои ояндаи халқамон моро водор месозад, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем.

Яъне мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем.

              Воридоти мошинҳои куҳна  манъ аст

Соли 2024 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ наметавонанд мошинҳои то соли 2013 истеҳсолшударо ба ҷумҳурӣ ворид кунанд. Ин тадбир аз 2 октябри соли 2023 эътибор пайдо кардааст. «Манъи воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилӣ то соли 2013 (мавқеъҳои молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 Номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон)», — омадааст дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2023 таҳти рақами 355.

  Сухан дар бораи мошинҳо барои интиқоли мусофирон ва борҳо, мошинҳои сабукрав ва мошинҳои махсус меравад.

Бо қарори зикршуда қарори қаблии Ҳукумати ҶТ дар бораи манъи воридоти воситаҳои нақлиёти баъд аз соли 2005 истеҳсолшуда аз эътибор соқит дониста шуд.

Тибқи қарори нав, Хадамоти гумрук ӯҳдадор карда шудааст, ки якҷоя бо ВКД ҶТ назорат, барасмиятдарории гумрукӣ ва бақайдгирии воситаҳои нақлиёти воридотиро тибқи қарори қабулшуда таъмин намояд.

Дар шарҳи қарори нав, ки аз ҷониби Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ пешниҳод гардидааст, тазаккур дода мешавад, ки воридоти нақлиёти автомобилии бароришашон то соли 2013 бо «таҷдиди парки нақлиётӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, пешгирии садамаҳо дар роҳҳои автомобилгард, ҳифзи муҳити зист ва коҳиши ҳаҷми партовҳои зараровар» рабт дорад Гуфта мешавад, ки ҳоло дар роҳҳои кишвар шумораи зиёди нақлиёти кӯҳна  гардиш мекунанд, ки манбаи асосии партовҳои зараровар ба  муҳити атроф мебошанд.

       Арзиши рангкунии шишаҳои мошин меафзояд  

 Аз аввали соли 2024 дар Тоҷикистон нархи иҷозатномаи солона барои ранг кардани шишаҳои мошин боло меравад, хабар дод Раёсати БДА ВКД ҶТ.  

 Арзиши ранг кардани шишаҳои мошинҳои баъди соли 2005 истеҳсолшуда 344 сомонӣ афзоиш меёбад.

Дар ҳоле, ки нархи ин хизматрасонӣ барои нақлиёти автомобилии то соли 2005 истеҳсолшуда 260 сомонӣ боло меравад.

Мувофиқи ин, сиёҳкунии шишаи мошинҳои то соли 2005 истеҳсолшуда ба ронандагон 4,6 ҳазор сомонӣ ва мошинҳои пас аз соли 2005 истеҳсолшуда   6,1 ҳазор сомонӣ зарар мерасонад.

Гуфта мешавад, ки чунин гароншавӣ дар Тоҷикистон пас аз 1 январи соли 2024 ба амал меояд.

Ҷазо барои вайрон кардани қонун сахттар мегардад

Аз соли 2024 дар ҷумҳурӣ ҷазоро барои рондани нақлиёт бо рақамҳои бақайдгирии давлатии  бегона ва қалбакӣ сахттар мегардад.

Ҷарима барои рондани мошин бо рақами бегона се маротиба афзуда, барои истифодаи рақамҳои қалбакӣ ҷарима то панҷ маротиба зиёд карда шудааст ва ҳатто маҳрум кардан аз озодӣ пешбинӣ гардидааст, бармеояд аз  тағйироте, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (КоҲМ) ва Кодекси ҷиноятии (КҶ) Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд. Қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйирот ба ин ду кодекс дар портали маълумоти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ ҷой дода шудаанд. 

 Тағйирот ба моддаи 313 КоҲМ ворид карда шудааст, ки масъулияти идоракунии воситаи нақлиётро бо рақами бегона ё додани рақамҳоро ба шахси дигар пешбинӣ мекунад.

«(Чунин қонуншиканиҳо) боиси ҷарима дар ҳаҷми аз 30 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз  ҳуқуқи идоракунии воситаи нақлиёт ба мӯҳлати як сол мешаванд»,  гуфта мешавад дар  қонун.

Ҳамин тавр, ҷарима ҳоло аз 2,04 ҳазор то 3,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар таҳрири қаблии моддаи КоҲМ ҷарима аз 680 сомонӣ то 1,02 ҳазор сомонӣ буд ва ронанда ҳуқуқи идораи воситаи нақлиётро барои шаш моҳ аз даст медод. Ғайр аз ин, ин модда ҳоло масъулияти маъмуриро барои рондани рақами қалбакӣ дарбар намегирад.

Ҷавобгарӣ барои истифодаи рақамҳои қалбакӣ бо қабули тағйирот ба моддаи 212(1)  Кодекси ҷиноятии ҶТ шадидтар карда шуд. Барои истеҳсол, нигоҳдорӣ, истифода ё ба шахси дигар додани рақами давлатии қалбакӣ акнун шаҳрванд аз 34 ҳазор то 68 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то ду сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад.

              Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудааст  

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 соли 2024  Соли маърифати ҳуқуқӣ  эълон  карда шуд.

Зимни Паёми худ ба Парлумони мамлакат Сарвари давлат ҳамчунин зарур шумориданд, ки «ҷиҳати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ кардани садамаҳои нақлиётӣ, ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон, баланд бардоштани маданияти ронандагӣ ва тоза нигоҳ доштани шафати роҳҳо тадбирҳои муассир андешида шаванд».

Бинобар ин, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки оид ба беҳдошти донишҳои ҳуқуқии ронандагону мусофирон, боло бурдани маданияти ронандагон ва мусофирону пиёдагардон, фарҳанги нигоҳдорӣ ва истифодаи роҳҳо, тарғибу ташвиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор нақшаи тадбирҳои муассир таҳия ва амалӣ намояд.

                        P.S. (ПОСТСКРИПТУМ)

Дар Тоҷикистон соли 2024 пардохтҳои ҳатмӣ зиёд мешаванд. Ба пардохтҳои ҳатмӣ андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳое дохил мешаванд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроия ба буҷетҳои сатҳҳои гуногун ва фондҳои ғайрибуҷетӣ ситонида мешаванд. Пардохтҳои ихтиёрӣ бо ташаббуси худ ба ташкилотҳои суғурта, фондҳои нафақаи ғайридавлатӣ, ташкилотҳои хайрия ва ғайра анҷом дода мешаванд.

 Ёдовар мешавем, ки ҳамаи ҷаримаҳо дар ҷумҳурӣ аз 1 январи соли 2024 ба андозаи 5,88 фоиз зиёд шуда, нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 68 то 72 сомонӣ афзоиш меёбад.

Бознашр аз https://mintrans.tj/