Баргузории ҷаласаи Шӯрои техникии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 3-юми январи соли ҷорӣ ҷаласаи Шӯрои техникии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидааст.

Тавре шуъбаи матбуот ва иттилоот Вазорати кишоварзӣ хабар медиҳад, дар кори Шӯро муовинони Вазири кишоварзӣ, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, намояндаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, роҳбарияту кормандони масъули Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ва роҳбарони зерсохторҳои вазорат иштирок намуданд.

Қурбонов Боймурод, муовини директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” оид ба татбиқи қисматҳои лоиҳа аз корҳои иҷрогардида дар соли сипаригардида ҳисоботи муфассал додааст.

Пас аз музокираи масъалаҳо аз ҷониби ҳозирин оид ба харидории навбатии тухмиҳои хушсифат, техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ, таъмир ва сохтмони иншоотҳои банақшагирифтаи муассиса суолҳо пешниҳод карда шуд, ки ба саволҳои пешниҳодгардида аз ҷониби масъулин ҷавобҳои мушаххас дода шуд.