Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок мулоқот намуд. Дар ин хусус сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, дурнамои густариши равобит байни мамлакатҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.