Файзиддин Қаҳҳорзода бо ҳамтои худ дар Анкара мулоқот намуд

3-юми январ дар шаҳри Анкараи Ҷумҳурии Туркия вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Вазири хазинадорӣ ва молияи Ҷумҳурии Туркия ҷаноби Мехмет Шимшек баргузор гардидааст.

Ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия, дар доираи вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти татбиқи ислоҳот дар низоми идоракунии молияи давлатӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф дар ҳошияи ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Бонки Умумиҷаҳонӣ, рақамикунонии низоми молияи давлатӣ, рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва системаи давлатии пардохтҳои электронӣ, инчунин дигар масъалаҳо вобаста ба идоракунии молияи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати хазинадорӣ ва молияи Ҷумҳурии Туркия иброз намуданд.