2 январи соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо вазири тандурустии ин кишвар доктор Аҳмад ал-Авазӣ доир гардидааст.
Тавре сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла роҳандозии ҳамкорӣ байни муассисаҳои давлатии тиббии ду кишвар, табодули сафари ҳайатҳои мутахассисони соҳа ва дигар самтҳои соҳа баррасӣ гардиданд.