Ба истифода дода шудани мактаб ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Ворӯи Панҷакент

Дар деҳаи Ворӯи Панҷ­акент, ки аз дурдаст­тарин маҳалҳои зисти шаҳр маҳсуб мешавад, бинои нави муассис­аи таълимӣ ва бунгоҳи тиббӣ мавриди исти­фода қарор дода шуд. Дар ин бора мақ­омоти иҷроияи ҳокими­яти давлатии шаҳри Панҷакент хабар додааст.

Муассисаи нави таъли­мӣ ва тиббӣ бо мусои­дати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, саҳми Ташкило­ти ҷамъиятии хайрияв­ии «Тоҷикистон», шар­икони рушд аз ҷониби бинокорони ҶДММ «Ма­судиён» бо сифати хуб сохта шудааст.

Муассисаи таълимӣ аз шаш синфхонаи барҳа­во иборат буда, дар он 240 хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта мешаванд.

Дар бунгоҳи тиббӣ низ барои фаъолияти ко­рмандон ва қабули со­кинон ҳамаи шароит муҳайё гардида, дар ҳарду муассиса хати гармидиҳии буғӣ насб шудааст.

Зимнан, дар замони истиқлол бо маблағгуз­орӣ аз ҳамаи сарчашм­аҳо дар Панҷакент 45 муассисаи таълимии нав бунёд шуда, ҳоло сохтмони бинои нави се мактаб ва беш аз 100 синфхонаи илова­гӣ идома дорад.