Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» баргузор гардид.
Ба иттилои сомонаи расмии Вазорати молия, созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон – хонум Шенни Кемпбелл ба имзо расониданд.
Гуфта мешавад, ҳадафи лоиҳа ин муҳайё намудани заминаи сармояи инсонӣ барои дастгирии гузариши Тоҷикистон ба ҳосилнокии баланди меҳнат, фаъолсозии малакаҳо дар асоси Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёна, модернизатсияи таълим, беҳтар кардани муҳити омӯзиш, идоракунии мактаб, ҳамгироии таҳсилот оид ба тағйирёбии иқлим ва афзоиши иштироки духтарон дар омӯзиши илмҳои технологӣ, муҳандисӣ ва математика мебошад.
Ба иттилои манбаъ, маблағи умумии лоиҳа 40,0 млн доллари амрикоиро ташкил дода, пурра аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ мегардад.
Лоиҳаи мазкур аз соли 2024 оғоз ёфта, анҷомёбии он соли 2030 дар назар аст.