26 декабри соли равон ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоикистон Ҷамшед Ҷӯразода бо иштироки сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи вазорат, роҳбарони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барномаву китобҳои дарсӣ, муаллифону мураттибони адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодшуда баргузор гардидааст.
Тавре Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф
ва илм хабар медиҳад, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии таҳсилот дастхати 18 номгӯйи адабиёти таълимӣ, аз он ҷумла 3 номгӯй дастури таълимию методӣ барои муассисаҳои томактабӣ, 2 дастури таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 12 китоби дарсӣ ва 1 дастури таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муҳокима гардидааст.
Дар охир барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисосу иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, саҳм гузоштан дар такмилу арзёбии нақшаву барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ, маводи таълимию методӣ раисони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии Шурои миллии таҳсилот ва як қатор аъзои он бо «Сипоснома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Ифтихорномаи»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.