Дар қисми шимолу ғарбии Ҷумҳурии мардумии Чин заминларзаи шадид бо қувваи 6,2 бал рӯх дод, ки дар пайи хисороти азим гузошт.
Тибқи иттилои расонаҳои хабарии маҳаллӣ дар натиҷаи таконхурии замин беш аз 120 нафар ба ҳалокат расида, наздики 500 каси дигар маҷруҳ гардидаанд. Ҳамзамон, садҳо манзили истиқоматӣ ва дигар иншоот пурра ва қисман хароб гардида, ҳазорон нафар бесарпаноҳ мондаанд. Эҳтимол аст, ки шумораи фавтидагон афзоиш ёбад, зеро то ҳол ҷасади чандин нафари дигар дар зери харобаҳо боқӣ монда, вазъи саломатии маҷруҳон низ вазнин мебошад.
Барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ кормандони хадамоти марбута сафарбар гардидаанд. Тавре агентии иттилоотии синхуа хабар медиҳад, сардии ҳаво кори наҷотдиҳандагонро мушкил кардааст.