Дар идомаи шиносоӣ бо фаъолияти расонаҳои ҶИЭ рӯзноманигорони тоҷик аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Исфаҳон аз ҷумла аз Сивусепул ва Пули Ҳочу боздид ба амал оварда, доир ба ин мавзеъҳои таъхирии мардуми форсу тоҷик маълумот гирифтанд.
Сиву се пули Исфаҳон яке аз пулҳои зебо ва таърихии Исфаҳон аст, ки 33 кӯпрук дошта, дар рӯдхонаи Зояндаруд бо меъмории суннатӣ ва зебо бунёд шудааст. Сиву се пул 33 фосила, 295 метр дарозӣ ва 14 метр паҳноӣ дорад. Ин пул шоҳасари нотакрори замони Шоҳ Аббоси I аст, ки аз ҳисоби маблағ ва таҳти назари сарлашкари маъруфи ӯ Аллоҳ Вардихон сохта шудааст, аз ин рӯ онро Пули Аллоҳ Вардхон низ меноманд.
Пули Хоҷу яке аз пулҳои таърихӣ ва зебои Исфаҳон аст, ки дар замони худ аз зеботарин пулҳои ҷаҳон маҳсуб мешуд. Сайру гашт дар ин купрук, махсусан дар шом ва барвақти шаб яке аз хушояндтарин машғулиятҳост, ки сайёҳон ба ҷадвали худ дохил мекунанд. Ин пул, ки яке аз мавзеъҳои тамошобоби Исфаҳон аст ва сафар ба ними дунё бидуни дидани он комил нест, бар замми зебоиаш, асрори тааҷҷубоваре дорад, ки бисёриҳоро водор мекунад, ки бо чашми наздик ба ин пул қадам зананд.
Пули Хоҷуи Исфаҳон дар шарқи пули Сиус ҷойгир буда, аз лиҳози тавоноӣ, симметрия ва услуби меъморӣ аз пулҳои нодири Эрон маҳсуб мешавад. Ин пул дар замони Сафавиён яке аз зеботарин пулҳои ҷаҳон маҳсуб мешуд ва ба далели меъморӣ ва ороиши сафолӣ аз пулҳои дигари Зояндарӯд маъруфтар аст. Пули таърихии Хоҷу ҳамчун яке аз ҷойҳои дидании Исфаҳон 15 январи соли 1310 ба феҳристи ёдгориҳои миллии Эрон дохил карда шуд.
Муқимова М
Душанбе-Исфаҳон