Рақибони мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал барои бозиҳои марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17-ум то 28-уми апрели соли 2024 дар Таиланд баргузор мегардад, муайян шуданд.
Маросими қуръакашӣ дар қароргоҳи Конфедеретсияи футболи Осиё, дар Куала Лумпури Малайзия сурат гирифт. Дар натиҷа, мунтахаби Тоҷикистон ба гуруҳи “С” шомил шуд, ки онҷо тимҳои Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Қирғизистон қарор доранд. Бояд гуфт, ки аз ҳар гуруҳ ду дастаи зинаи аввал имкони идома додани ҳунарнамоӣ дар марҳилаҳои баъдии мусобиқаро хоҳанд дошт.
Панҷ дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал бо иловаи Узбекистон имкон доранд, ки роҳхати Ҷоми ҷаҳони футзалро низ ба даст биоранд. Мусобиқаи мазкур аз 14 сентябр то 6 октябри соли 2024 дар шаҳрҳои Тошкент, Андиҷон ва Бухорои Узбекистон баргузор мешавад.