Дирӯз дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори 115-солагии бузургдошти фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров намоиши ҷашнӣ таҳти унвони “Инъикоси осори аллома Бобоҷон Ғафуров дар Осорхонаи миллӣ” ифтитоҳ гардид. Дар ин бора аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.
Дар кори намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Юсуфшоҳ Яъқубов, номзади илми таърих Абдулло Ғафуров, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сабзалӣ Асоев, инчунин гирандаи шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» Шоира Давлатзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, хонандагони макотиби миёна ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар намоиш иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ 120 адад ашёи нодири таърихӣ, аз қабили мусаввара, ордену медалҳо, диплому сипосномаҳо, ҷоизаҳо, мукофотҳои давлатӣ, ҳуҷҷату аксҳо ва китобҳо пешниҳод шудаанд, ки фаъолияти пурсамари Бобоҷон Ғафуров ва саҳми боризи ӯро дар арсаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Инчунин аксҳо аз ҷараёни боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз “Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров” ва суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ, ки санаи 5 декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, пешниҳоди тамошобинон гардонида шудааст.
Дар қисмати марказии намоиш китоби тозанашри Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи мамлакат туҳфа гардид, ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Хизматҳои бузурги Бобоҷон Ғафуров бо мукофотҳои баланди давлатӣ бо шаш ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва чандин медалу нишонҳо қадрдонӣ шудаанд, ки дар як қисмати намоиш чанде аз онҳо ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Намоиши “Инъикоси осори Аллома Бобоҷон Ғафуров дар Осорхонаи миллӣ” то 05.01.2024 идома меёбад.