Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар мулоқоти ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат дошт.
Сомонаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар медиҳад, ки ин нишаст бо мақсади таҳкими мавқеъ ва садои минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар равандҳои музокирот оид ба тағйирёбии иқлим дар Конфронси 28-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28), бо нозирон ва мушовирони байналмилалӣ доир гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамо ва стратегияҳои иштироки фаъолонаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар самтҳои асосии COP 28-ро баррасӣ намуданд. Дар рӯзномаи ҷаласа муҳокимаи гузориши саҳҳомӣ фонди талафот ва хисорот, маблағгузории иқлим, инчунин иҷрои бандҳои асосии Созишномаи Париж буд.
Дар навбати худ, нозирон ва мушовирони байналмилалӣ оид ба равандҳои музокироти COP 28 иштирокчиёнро бо ҷанбаҳои асосии ҷаласаҳои мубоҳисавӣ ошно намуданд.