1 декабр мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Мудири генералии Маркази обии Женева Марк Зайтун баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба об, иқлим, ҳадафу вазифаҳои ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо-2025, ҳамчунин баргузор намудани чорабиниҳои муштарак ҷиҳати татбиқи амалҳо ва тарғибу ташвиқи он баррасӣ гардиданд.