Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба хусус дар Фейсбук баъзе муносибатҳои аҷибе ба чашм бармехӯранд. Аниқтараш моро ба тасарруфу тақсими ким кадом пасандозҳои ҳангуфте, ки гӯё дар бонкҳои маъруфи кишварҳои хориҷ аз ҷониби кадом як ҳамнасаби мо, ки тоҷири муваффақ будааст, даъват мекунанд. Ё нафаре гӯё аз бемории саратон дунёро тарк гуфтанист ва ба кӣ додани маблағҳои бешумори ҷамъовардаашро надониста, дар ҷустуҷӯи кадом нафари “боинсоф” аст, то маблағҳояшро оқилона исифода барад. Ба ҳамин монанд боз маблағҳои беандоза калонро гӯё бо фоизҳои ниҳоят паст қарз пешниҳод мекарда бошанд. Оид ба ин мавзӯъ мехоҳем матлабро ошкор бигӯем, гарчанде ки онҳо мехоҳанд амалиёташон махфӣ анҷом биёбад.
Дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, аз ҷумла Фейсбук аксаран бо ному насаби хориҷӣ дархост ирсол мекунанд, то онҳоро ба дӯстӣ қабул намоем. Ҳатман баъди “шиносоӣ” аз пайи ғарази худ мешаванд. Дар бештари маврид худро масъули ким кадом бонки хориҷӣ ё ба ҳамин монанд муаррифӣ карда, тақсими боадолатонаи пасандози ҳамнасабамонро бо мо маслиҳат мекунанд.
Дар саҳифаи фейсбукии банда низ чунин дархостҳои дӯстӣ зиёд ирсол шудаанд ва аз онҳо ба хонандаи азиз танҳо аз се нафар фишурдаи матлабашонро мисол меоварем.
Дэвид Маккей худро азТоронтои Канада муаррифӣ кард. Гӯё президент ва директори генералии ROYAL BANK OF CANADA будааст. Чонг Ви бошад, гӯё менеҷери филиал дар Бангкок будааст. Уан Пуенг низ корманди бонк дар Бангкок. Аксаран ҳамин гуна аст, ки баъди шиносоии инфиродӣ дар мисоли тариқи “Messenger”-и Фейсбук хоҳиши ба воситаи почтаи электронӣ идома додани иртиботро доранд.
Аз ин се нафар дар асоси дархосташон бо ду нафар тариқи почтаи электронӣ тамос гирифтем. Чонг Ви чунин маълумот ва ҳуҷҷатҳоро пурсид, то барояш бифиристем: *номҳои пурра, *таърихи таввалуд, *нусхаи шиноснома ё шаҳодатномаи ронандагӣ, *маълумот оид ба ҷойи кор, *суроғаи ҷорӣ, *рақами телефон. Аммо ба Чуан Руенг бошад чунин ҳуҷҷат ё маълумот лозим будааст: *ному насаб, *суроғаи почта/хона, *рақами телефон/факс, *ҷинс/шуғл, *аҳволи оилавӣ, *санаи таваллуд, *нусхаи шиноснома.
АҶОИБҲО
Ин “дӯстон”-и фейсбукӣ баъзе ҳуҷҷатҳои ба гуфтаи худашон тасдиқкунадаи шахсияташонро мефиристанд, то боварашон кунем.
Бо забони тоҷикӣ хеле хуб менависанд ва қариб ҳама он нозукиҳои граматикии забони адабии тоҷикӣ риоя мешавад, гарчанде ба гуфтаи худашон хориҷиянд.
Нигоштаҳо аз ҷиҳати услуби навишт қариб пурра ба ҳам монанданд ва гумони ғолиб он аст, ки шояд дар сеи ин нигошта ҳам паси мошинаи компютерӣ як кас бошад? Бисёри ҷумлаҳои ин се “нафар” аз ҳам фарқе надоранд.
Аз маблағҳои ниҳоят калон сухан мегӯянд, ки шуниданаш афсонаро мемонад. Аҷиб он аст, ки маблағҳои ҳангуфт дар бонк гузошта шудаст, аммо бе ворис. Аҷиб менамояд, ки ҳамнасабу ҳамватани мо то ин андоза тоҷири муваффақ бошад, чаро ӯро намешиносем, ақалан дар интернет дар борааш маълумоте нест?
Аҷиб аст, ки агар бо навор суҳбат кардан хоҳем, ин нафарон мегурезанд.
Гуфтаи хеле аҷиб доранд, ки дар 3 нигошта ҳам айнан бе каму костӣ такрор шуда: “Ҳеҷ гуна хатар вуҷуд надорад; муомилот тибқи як созишномаи қонунӣ иҷро карда мешавад, ки шуморо аз ҳама гуна вайронкунии қонун муҳофизат мекунад”. Оё созишномаи қонуние вуҷуд дошта метавониста бошад, ки нафаре маблағи каси дигарро тасарруф кунад, аммо он аз ҷавобгарӣ муҳофизаташ созад? Ё шояд ҳуҷҷатҳоро дар кори қаллобие истифода мекарда бошанд?
PS: Чунин муносибатҳои сохтакорона ва ғаразнок дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёданд, ки аз баҳр қатраеро мисол овардем. Дар ҳама сурат ирсоли ҳуҷҷатҳои шахсӣ ба нафари ғайр, ки мақсадаш ниҳон аст, умуман паёмади хайр надорад. Ҳадафи мо он аст, ки мабодо касе ба доми фиреби чунин қаллобон наяфтад. Боварӣ дорем, ки ин гуна муомилот ҳатман аз ҷониби сохторҳои алоқаманд пайгирӣ мешавад ва ошкор мегардад, ки паси ин пардаҳо кӣ бошад.
Маҳмадалӣ Акрамов
радиои “Тоҷикистон”