Шоми имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии “”Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” баргузор гардид. Дар ин маросим намояндагони Ҳукумати кишвар, Вазорати маориф ва илм, ходимони илм, таърихшиносон, омӯзгорон ва волидони барандарони озмуни мазкур иштирок варзиданд.
Дар оғози маросим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи озмун – Матлубахон Сатториён баромад карда, зикр намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии “”Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”, ки ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, барои барои донистани таърихи бою фарҳангсолори кишварамон ва баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва Ватандӯстии тамоми қишри аҳолӣ ба хусус ҷавонон мусоидат мекунад.
Сипас дар фазои тантанавӣ аввал ба 12 нафар фаъолони даври ниҳоии озмун сипоснома ва маблағҳои пулӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ супорида шуда, баъдан ба ғолибони озмун диплом, ҷоми ғолиб ва маблағпулиҳо дар ҳаҷми аз 25 то 70 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуданд. Мирмуҳсин Мирдодов хонандаи синфи 10 – уми Литсеи давлатии рақами 1 – и шаҳри Бохтар, Шоира Давлатзода донишҷӯи курси 4 – уми ДМТ, Навраста Дӯстова омӯзгори ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва Ҳасани Назар сарбози қисми ҳарбии рақами 13483 – и ноҳияи Данғара барандагони шоҳҷоизаи озмун гардиданд. Ҳасани Назар яке аз барандагони шоҳҷоизаи озмун зимни суҳбат ба мо гуфт, ки дар баробари хизмат кушиш мекардам, ки вақтҳои холигии худро барои омӯзиши таърихи гузаштагонамон сарф кунам ва имрӯз хушҳол аз онам, ки сазовори шоҳҷоиза гаштам.
Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии “”Тоҷикон” -оинаи таърихи миллат” соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ҳадафи он дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мебошад. Парвизи Муҳаммадамин муҳаррири идораи гузоришҳо ва пахши мустақими ТВ “Вазиш” ғолиби ҷойи аввали озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» мебошад. Ба андешаи ӯ бидуни донистани таърих ояндаро пешгӯӣ кардан ғайри имкон аст, аз ин рӯ барои доштани зиракии сиёсӣ донистани таърих муҳим аст.
Ғолиби дигари Озмуни ҷумҳуриявии “”Тоҷикон” -оинаи таърихи миллат” дар мақоми аввал Беназир Шоева хонандаи синфи 10 – уми Гимназияи рақами 74 – уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки тавассути озмун ман бо корнамоиҳо ва таърихи гузаштагонамон ошно гардидам ва ба ҳамсолони худ низ тавсия медиҳам, ки омада дар ин озмун иштирок намоянд.
Ҳамчунин дар маросими ҷоизасупорӣ барои болида гардони табъи иштирокчиён суруду рақсҳои мавзун аз ҷониби санъаткорони кишвар пешниҳод гардид, ки писанди ҳамагон гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур аз тамоми қаламрави кишвар 115 нафар довталаб иштирок намуда, донишу истеъдоди худро ба ҳакамон нишон доданд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон“