01.12.2023, Аморати Муттаҳидаи Арабӣ
Муҳтарам ҷаноби Раис,
Хонумҳо ва ҷанобон.
Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Созмони Милали Муттаҳид ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ барои баргузории иҷлоси имрӯза миннатдории худро иброз намоям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, рӯ ба рӯйи пайомадҳои тағйирёбии иқлим яке аз кишварҳои осебпазир ба шумор рафта, ҳамасола бо обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиии марбут ба об дучор мешавад.
Мо аз офатҳои табиии марбут ба об, ки дар ҳолатҳои алоҳида ҳатто боиси талафоти ҷонӣ мегарданд, ҳамасола зарари зиёди молию моддӣ мебинем.
Ба мақсади паст кардани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро барои давраи то соли 2030 татбиқ менамояд.
Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ин Стратегия, инчунин кӯмаки молиявии ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла барои баланд бардоштани иқтидор ва интиқоли технологияҳои сабз зарур мебошад.
Ҳозирини гиромӣ,
Ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ночиз буда, аз рӯйи андозаи пасти чунин партовҳо ҷойи 130-юмро ишғол менамояд.
Яъне аз рӯйи андозаи пасти чунин партовҳо кишвари мо дар ҷаҳон мавқеи пешсафро ишғол менамояд.
Кишвари мо, ҳамчунин, яке аз кишварҳои пешсафи сайёра аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» ба ҳисоб меравад.
Тоҷикистон 98 фоизи барқи худро дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда, аз рӯйи фоизи тавлиди “энергияи сабз” аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.
Мо ният дорем, ки дар оянда иқтидори истеҳсоли “энергия сабз”-ро ҳамчун заминаи асосии пешбурди “иқтисоди сабз” ду баробар афзоиш диҳем.
Дар ин замина бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармояву технологияҳои “сабз” ба иқтисод аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон “Стратегияи рушди иқтисоди сабз” барои солҳои 2023-2037 қабул гардида, мавриди татбиқ қарор гирифтааст.
Ба мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, Тоҷикистон тадбирҳои амалиро дар самти истифодаи оқилонаи обу замин ва технологияи муосир барои баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ меандешад.
Муҳтарам ҷаноби Раис,
Тағйирёбии иқлим пеш аз ҳама ба манбаъҳои захираҳои об таъсири манфӣ мерасонад.
Харобшавии манбаъҳои захираҳои об яке аз нишондиҳандаҳои манфии тағйирёбии иқлим ба шумор меравад.
Дар ин раванд обшавии босуръати пиряхҳо баръало мушоҳида мешавад.
Даҳсолаҳои охир шумораи умумии пиряхҳои Тоҷикистон, ки 13 ҳазорро ташкил дода, манбаи шаст фоизи обҳои минтақаи мо мебошанд, ба андозаи зиёда аз як ҳазор кам гардидааст.
Бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» қабул гардида, “Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо” таъсис дода шуд.
Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки саҳми молии аввалияи худро ба ин Фонди мақсаднок гузорад.
Умед дорем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ низ дар ин Фонд ҳиссагузор хоҳанд буд.
Итминон дорем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, дар татбиқи саривақтии дигар ҳадафу уҳдадориҳои марбут ба об, бахусус натиҷаҳои Конфронси дуюми оби Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистону Нидерланд баргузор гардид, саҳм хоҳад гузошт.
Мо ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар татбиқи рӯзномаи глобалии обу иқлим минбаъд низ талошҳои худро идома хоҳем дод.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.