Варзишгарони тоҷик дар “TOKYO GRAND SLAM 2023” ширкат мекунанд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи навбатии “World Judo Tour” – “Grand Slam Tokyo” 2023 дар Ҷопон дар ҳайати 10 паҳлавон ширкат хоҳад кард.

Қарор аст, ин мусобиқа фардо оғоз шавад ва то 3 декабр идома меёбад. Дар он иштироки 500 варзишгари беш аз 85 давлат дар назар аст.

Ҳайати тими ҷудои Тоҷикистон дар “Тоскулоҳи бузурги Токио”-2023:

-60кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов

-60кг – Меҳрзод Суфиев

-66кг – Эмомалӣ Нуралӣ

-66кг – Обид Ҷебов

-73кг – Беҳрӯз Хоҷазода

-73кг – Абубакр Шеров

-81кг – Сомон Маҳмадбеков

-81кг – Абдуҷалилзода Муҳаммадҷон

-90кг – Комроншоҳи Устопириён

-100кг – Эмомризо Анварзода

Фонди умумии ҷоизаҳо 154.000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон (ҷои 1) дар ҳамаи 14 вазнҳо- 5000 евро (ҳар кадоме), барандагони медали нуқра 3000 евро ва нишони биринҷӣ 1500 евро мукофот хоҳанд гирифт.