Баргузории роҳпаймоӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Имрӯз 24 ноябр бахшида ба Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори “Парчамат боло парафшон Тоҷикистон” роҳпаймоӣ доир гардид.


Ин роҳпаймоӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он вазорату идораҳо, муассисаҳои олӣ ва дигар кормандони сохторҳои гуногун иштирок намуданд.


Ёдовар мешавем, ки роҳпаймоӣ аз назди шаршараи наврӯзгоҳ оғоз гардида то майдони парчам идома ёфт. Дар ин роҳпаймоӣ зиёда аз 50 ҳазор нафар одамон иштирок намуданд.