Наврасони тоҷик дар олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ соҳиби панҷ медал гардиданд

Дастаи олимпии Тоҷикистон дар олимпиадаи бонуфузи байналмилалии наврасони то 13 – сола IMSO панҷ медал ба даст овард.  Дар ин бора хабарнигори радиои Тоҷикистон Сарвинози Сайдалӣ бо такя ба Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар медиҳад.

IMSO олимпиадаи байналмилалиест, ки аз фанни математика ва табиатшиносӣ ҳамасола тариқи фосилавӣ доир шуда, дар он хонандагони синфҳои аз 4 то 7 ҳуқуқи ширкат варзиданро доранд. Дар ин озмун аз 19 давлати дунё 276 довталаб иштирок карда, донишу малакаи худро санҷиданд. 

Дастаи олимпии Тоҷикистонро се муассисаи таълимии кишвар Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Ҳотам ва ПВ – и шаҳри Душанбе ва Ҳисор дар ду гурӯҳ 12 нафар муаррифӣ намуда, аз ин миён 5 нафар аз фанни математика ғолибият ба даст оварданд. 

Маврид ба зикр аст, ки Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика ва табиатшиносӣ 3 рӯз дар 3 давр: амалӣ, назариявӣ ва эксперименталӣ идома ёфт. Масъули баргузории озмуни имсолаи байналмилалии IMSO Ҷумҳурии Индонезия мебошад.