22 ноябри соли равон бо ибтикори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” ҷаласаи нахустини Шӯрои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷират оид ба ҳамкорӣ ва қабули қарорҳои муштарак оид ба масъалаҳои муҳоҷират баргузор гардидааст.
Ба иттилои Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират, Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози ҷаласа қайд кардааст, ки бо мақсади ба танзим дарованди раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар “Сратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”-ро қабул намуд, ки он тамоми самтҳои муҳоҷирати дохилию хориҷиро фаро гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, роҳбари дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон Кристина Транка низ баромад намуда, муфассал дар бораи роҳҳои ҳалли Страгеияи мазкур ибрози ақида кардааст. Ҳамчунин дар чорабинӣ намояндагони тамоми сохторҳои вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти муҳоҷират, СБМ, ICMPD, GIZ дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон дар ҷаласа роҳбари Шӯрои ҷамъиятӣ, муовин ва котибот интихоб гардиданд. Роҳбари Шӯрои ҷамъиятӣ Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо ва муовини роҳбари Шӯрои ҷамъиятӣ Бобохонзода Саидалӣ сардори Раёсати ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ интихоб гардиданд. Инчунин, дар ҷаласа Низомнома ва нақшаи корӣ баррасӣ гардид.
Тавре манбаъ менависад, баромадкунандагон доир ба таҳлили санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда дар самти муҳоҷирати аҳолӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо, таҳия ва ҷорӣ намудани механизми бақайдгирии электронии раванди муҳоҷират дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ, таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар Хадамоти муҳоҷират бо ҷалби мақомоти Ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, такмили низоми омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, таъсис додани Фонди иҷтимоии дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, интишор намудани натиҷаи мониторинг ва арзёбии Стратегия изҳорӣ андеша намуданд.