Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД иштирок намуд

22 ноябри соли 2023 дар шаҳри Минск ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо шумули вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ва котиби Шурои амният Насрулло Маҳмудзода дар ҷаласаи муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок кард.

Тавре сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, роҳбарони ҳайатҳо оид ба вазъи сиёсиву ҳарбӣ дар минтақаҳои амнияти дастаҷамъии СААД табодули афкор анҷом дода, маълумотро дар бораи самтҳои афзалиятнок дар давраи раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Созмон шуниданд. Ҳамчунин лоиҳаи Эъломияи Шурои амнияти дастаҷамъӣ ва номгуи қарорҳои сарони давлатҳо бар асос гирифта шуданд.

Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ ва мавқеъгирии СААД дар арсаи байналмилалӣ, рушди муносибатҳо дар соҳаҳои ҳарбӣ, ҳарбию иқтисодӣ ва ҳарбию техникӣ, инчунин вазъи кунунии Афғонистон ва таъсири он ба Осиёи Марказиро муаррифӣ намуд.

Аз натиҷаи ҷаласаи муштарак Изҳороти вазирони корҳои хориҷии СААД дар бораи мавқеъгирии ягона ҷиҳати таъмини амнияти фазои Авруосиё дар шароити нави ҳарбию сиёсӣ қабул шуд.

Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД дар пешоруи иҷлоси навбатии Шурои амнияти дастаҷамъии СААД, ки 23 ноябри соли 2023 дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус ба нақша гирифта шудааст, доир гардид.