Дар яке аз Марказҳои таълимии Қўшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукўҳи идона ё худ маросими савгандёдкунии наздик ба 200 нафар наваскарон доир гардид, ки бо ворид гардидани Байрақи ҷангӣ ба майдон ва садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфтааст.
Сомонаи Вазорати мудофиа хабар медиҳад, ки дар ин чорабинӣ масъулини Раёсати Қўшунҳои хушкигард, падару модарон, наздикону пайвандони наваскарон иштирок доштанд. Дар қисмати асосии чорабинӣ наваскарон дар назди ҳайати меҳмонон ва афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ баҳри садоқат ба ин сарзамин ва анҷоми бомуваффақонаи рисолати шаҳрвандии худ Савганди ҳарбӣ ёд намуданд.
Дар идома аз ҷониби як гурўҳ сарбозони ин воҳиди низомӣ дар назди иштирокдорони чорабинӣ задухўрдҳои тан ба тан бо усулҳои шарқӣ намоиш дода шуд, ки онро ҳозирин бо рўҳияи болида ва эҳсоси баланди ватандўстона қабул намуданд.
Ҳамин тавр, ҷамъомади бошукўҳи он рўз доир гардида дар қисми ҳарбии мазкур бо гузашти низомии ҳайати шахсӣ аз назди минбар ва ҳайати роҳбарону меҳмонон ба поён расид.