Дар ин бора сомонаи расмии Хадамоти алоқа хабар дода, навиштааст, ки ин тасмим бо мақсади баланд бардоштани суръати Интернет ва паст кардани арзиши он гирифта шудааст.
“Дар идомаи андешидани чораҳои зарурӣ Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду ширкати ватании бахши хусусӣ иҷозатномаи ворид намудани каналҳои байналмилалии баландсуръати дастрасӣ ба шабакаи глобалии Интернетро содир намуд”- зикр кардааст манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, иқдоми навбатӣ боаҳамияту муҳим буда, барои кам намудани арзиш ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии дастрасӣ ба Интернет мусоид фароҳам меорад. Ҳамчунин ба ташкили фазои рақобати солим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва ҷалби сармояҳои хусусӣ ба сектори телекоммуникатсияи кишвар мусоидати фаъол менамояд.