Имрӯз Раиси Маҷлиси намонядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намонядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Иброз гардид, ки самараи дӯстиву бародарии муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар тамоми самти ҳамкорӣ пешравиҳо дида мешаванд.
Дар идома гуфта шуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории пурмаҳсулу судманд бо давлати бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу давлатҳо муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад. Бо ин ҳадаф Гурӯҳи дӯстӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ташкил карда шудааст.
Тазаккур дода шуд, ки бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкории байнипарлумонӣ ва муносибатҳои таърихиву бародаронаи ҳар ду давлат соли 2011 Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд, ки ба таҳкими пояи пайвандҳо ва муштаракоти дӯстии байни ду миллат дар сатҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон заминаи воқеӣ гузошт.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид карда шуд, ки тавсеаи равобит ва ҳамкории Теҳрон ва Душанбе бисёр ҳоизи аҳамият аст.
АКС: Маҷлиси намонядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон